ҲУНАРНАМОИИ ТУРКМАНҲО ДАР САҲНАИ ТОҶИК

Сентябрь 24, 2010 17:28

          Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар чаҳорчӯби рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон имрӯз меҳмонони туркман дар маросими муаррифии китоби Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино доир гардид, иштирок намуданд.             Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд, имшаб дар саҳни Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ консерти калони дӯстӣ, ба ифтихори анҷоми Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон баргузор мегардад.             Дар фарҷом дар Вазорати фарҳанги ҶТ қабули расмӣ аз ҷониби вазири фарҳанг доир мегардад. Рӯзи шанбе, 25 сентябр сафари ҳунарии меҳмонони туркман ба анҷом расида, онҳо ба ватан бармегарданд.             Ёдовар мешавем, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон, ҳунармандони туркман ба ноҳияи Ҷилликӯл, аз ҷумла ҷамоати ба номи Эшбек Сатторов, ки дар он ҷо туркманҳои муқими Тоҷикистон истиқомат менамоянд, дидан намуданд. Манбаъ қайд намуд, ки худи ҳамон рӯз дар саҳнаи театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ намоишномаи «Достони Гурӯғлӣ» пешкаши тамошобинони тоҷик гардид, ки дар он ҳунармандони Туркманистон ҳунарнамоӣ намуданд.  

Сентябрь 24, 2010 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад