ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ КАШОЛ МЕЁБАД

Сентябрь 27, 2010 10:30

   Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  (НТҶ) майдони кишти ғалладона ва лӯбиёгӣ ба 63 ҳазору 662 гектар расонида шудааст, ки то имрӯз   аз он масоҳати беш аз 55 гектараш даравида шуда, ҳосили 51 ҳазору 900 гектари он кӯфта гирифта шудааст.    Ба иттилои Раёсати растанипарварии вазорати мазкур ҳосилнокии зироат дар ин минтақаи ҷумҳурӣ аз ҳар гектар ба 19, 4 сентнерӣ расонида шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009   2 сентнерӣ зиёд аст.    Айни замон  аз 54684 гектар майдони кишти гандум  ҳамагӣ 48896 гектари он ҷамъовари шудааст.    Рӯзҳои боронӣ наздик аст, ҷамъоварии қариб   5 ҳазор гектар замини гандумзор дар НТҶ кашол дода мешавад. Ин дар ҳолест, ки нархи ғаллаи воридотӣ рӯз аз рӯз боло рафта, нархи як халта орд аз 70 – 75 ба 125 – 130 сомонӣ расидааст.  

Сентябрь 27, 2010 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад