ҶАРИМАБАНДӢ ҲАЛЛИ МАСЪАЛА НЕСТ

Сентябрь 17, 2010 11:12

            Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Дар тӯли 19 соли истиқлолияти давлатӣ беш аз 58 қонуну санадҳои ҳуқуқӣ доир ба консепсияи байналмилалӣ доир ба ҳифзи муҳити зист қабул шудааст,- иттилоъ дод сардори Бозрасии ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб Ҳасан Амиров телефонӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».             Танҳо дар 8 моҳи соли ҷорӣ дар бештар аз 580 ҳолат ҳодисаҳои қонунвайронкунӣ ошкор гардида, ба маблағи бештар аз 40 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуда, кори 2 иншоот муваққатан боз дошта шуда, 5 мавод ба маблағи умумии 50981сомонӣ ба суди иктисодӣ пешниҳод гардидааст.             Бозрасии ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб дар соли 2009 4804 санҷиш гузаронида беш аз 1000 ҳодисаҳои қонунвайронкунии экологиро ошкор кард ва аз ин ҳисоб ба маблағи 53 ҳазору 336 сомонӣ шаҳрвандон ҷарима карда шуданд. Санҷишҳои  дар 8 моҳи соли 2010 гузаронидашуда низ нишон доданд, ки қонуншиканиҳои экологӣ вуҷуд доранд ва ҷаримабандӣ ҳалли масъала нест.             Аз ин рӯ мо зарур мешуморем, ки на ҷаримабандӣ, балки  тарбияи маърифати экологии шаҳрвандон дар амалӣ сохтани Барномаи давлатии  тарбияи экологии аҳолии ҶТ дар ҷои аввал бояд бошад,- иброз намуд Ҳ. Амиров.       

Сентябрь 17, 2010 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад