ҶАРОҲАТИ 25 НАФАР БАР АСАРИ ТАРКИШ
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Тахминан соатҳои 8.00 дақиқаи 3 сентябр ҳангоми ба ҳудуди бинои маъмурии Шӯъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи назди Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғди ВКД ҶТ ворид гардидани ду автомашинаи хизматии ин идора ва пӯшида шудани дарвозаҳои даромад ногаҳон автомашинаи тамғаи ГАЗ-24 бо суръати баланд дарвозаро зада , ба саҳни ҳавлӣ ворид гардида метаркад. Аз таркиши мазкур 25 нафар кормандони Шӯъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи назди Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғди ВКД ҶТ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ гирифтанд. Ба қисми зиёди афроди ҷароҳатбардошта ёрии таъҷилӣ расонида шуда, боқимонда ба беморхонаҳои шаҳри Хуҷанд равон карда шуданд. Бинои маъмурӣ аз таркиши мазкур сахт осеб дидааст. Аз рӯи маълумоти пешакӣ амали мазкур аз тарафи ҳаммаслакони гумонбаршудагон ба куштори собиқ директори бозори Исфара Каримов Ҳомидҷон Обидович, ки эҳтимолияти ба Ҳаракати Исломии Узбекистон мансуб буданашон мавҷуд аст, содир карда шудааст. Бо ин амали худ мақсад доштанд, ки ба амалиёти тафтишотӣ доир ба санҷиши нишондодҳои гумонбаршуда халал расонида, панҷ нафари дастгиршудагонро аз ҷавобгарӣ гурезонанд. Ҳодисаи мазкур таҳти санҷиш қарор дошта, аз рафти тафтиш ва натиҷаҳои санҷиш муфассал иттилоъ дода мешавад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






