ҶОИЗА БА ЁДГОРИИ АСРИ БИРИНҶ

Сентябрь 24, 2010 15:33

Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-  Аз 4 то 10-уми  сентябри соли равон дар шаҳри  Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон семинари минтақавӣ оид ба Ҷоизаи байналмилалии  ёдгориҳои тасвири рӯисангӣ дар  Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки дар  он 4 ёдгории таърихии Тоҷикистонро ду нафар мутахассис муаррифӣ намуданд. Аз ҷумла, мутахассиси  пешбари шӯъбаи ҳифз ва мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг Шералӣ Хоҷаев дар ин семинар ёдгориҳои Оқҷилгаи Мурғоб, Лангари Ишкошим, Шахтаи   Мурғоб ва Сойи Сабоғи Мастчоҳи кӯҳӣро тариқи аксҳо ба иштирокчиён пешкаш намуд, ки дар натиҷа  ин ёдгориҳо дар рӯйхати пешакии ҷоизаи мазкур номнавис шуданд. Бояд гуфт, дар кори семинар 12 давлати минтақа  ва ду давлати даъватшуда иштирок  доштанд, ки ҳамагӣ олимону мутахассисони таърихшинос буданд ва ҳар як ёдгории пешниҳодшуда пурра мавриди муҳокима қарор дода мешуд. Ҳамчунин, аз байни 4 ёдгории номнависшуда Сойи Сабоғ чун ёдгории беҳтарин аллакай ба хатсайри сайёҳӣ пешниҳод гардид. Лозим ба ёдоварист, ки ин ёдгорӣ аз даврони асри биринҷӣ  боқӣ монда, дар сангҳои он зиёда  аз ҳазор расмҳои асотирии рӯисангӣ мавҷуданд.    

Сентябрь 24, 2010 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад