ҶОЙИ КОР БАРОИ 400 НАФАР ЗАН

Сентябрь 6, 2010 11:24

Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати ҷашни 19-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Норак дар базаи фабрикаи дӯзандагӣ фабрикаи муштараки «Бофандаи Норак» ба истифода дода мешавад.              Муассисони корхонаи муштарак ҶДММ «Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик» ва ҶСК «Бунафш» мебошанд.               Аз тарафи ҶДММ «Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик» 1 миллиону 670 ҳазор сомонӣ маблағ барои  дастгоҳҳои технологӣ ва барои таъмири биноҳои  истеҳсолӣ ва васлу  ба кор омода намудани дастгоҳҳои технологӣ  2,5 миллион сомонӣ маблағ масраф шудааст.             Аз тарафи фабрикаи дӯзандагии «Бофандаи Норак» бошад, 1миллиону 113 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст.             Бояд гуфт, ки «Бофандаи Норак» аз коргоҳҳои ресандагӣ, бофандагӣ ва дӯзандагӣ иборат аст.              Ҳамчунин, дар ин фабрика коркарди пурраи нахи пахта ба роҳ монда шудааст.     Дар ҳолати дар се баст кор кардани фабрика 400 нафар занон бо кори доимӣ  таъмин карда мешаванд.      Ёдовар мешавем, ки дар фабрикаи «Бофандаи Норак» дар як сол зиёда аз 1200 тонна нахи пахта коркард мешавад.    

Сентябрь 6, 2010 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад