ҶОПОН – МАБЛАҒГУЗОРИ МАКТАБИ НАВ

Сентябрь 28, 2010 16:02

Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-  Имрӯз дар ҷамоати “Роштқалъа”-и ноҳияи Роштқалъа маросими  ифтитоҳи мактаби миёнаи №27  баргузор гардид. Дар ҷашни кушодашавии он сарпарасти Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йошихиро  Накаяма   ва раиси  ноҳияи Роштқалъа Амоншо Наврӯзшоев    иштирок намуданд.               Лоиҳаи      барқарорсозии  мактаби  миёнаи  №  27  дар  ноҳияи Роштқалъа  ба маблағи  умумии  90,939 доллари ИМА,  ки  аз  тарафи Ҳукумати Ҷопон, дар  чаҳорчӯби кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти  башарӣ  барои  қисми зиёди аҳолӣ маблағгузорӣ шуда буд, бомуваффақият ба итмом расид.     Мавриди зикр аст, ки дар  мактаби  мазкур, 300 нафар талаба таҳсил намуда, 49 омӯзгор фаъолият доранд ва он соли 1954  (қисман  соли  1970)  сохта  шудааст.  Яке  аз  биноҳои  мактаб,  ки  то  ҳол таъмири  капиталӣ  нашудааст,  дар  ҳолати  садамавӣ  қарор  дошт.  Толибилмон маҷбур буданд дар бинои дигар хонанд, зеро ки ҷойи нишаст намерасид. Инчунин, аз сабаби шароити  номусоиди мактаб бархе  аз  толибилмон хонишро қатъ намуда буданд.     Баҳри  таъмини  шароити  хуби  омӯзиш  дар  мактаб, таъмири  капиталии  бинои  фарсудашуда, азҷумла,    таъмири  бом, барқарорсозии  деворҳо  ва фарш  амалӣ  гашт.  Дар  назар  аст,  лоиҳаи мазкур муҳити омӯзиши кӯдакони синну соли мактабравро дар ноҳияи Роштқалъа беҳтар месозад.              Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба  ҳокимиятҳои  маҳаллӣ,  созмонҳои  ғайридавлатӣ,  соҳаҳои  маориф  ва тандурустии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Ҳукумати Ҷопон аз соли  1996  инҷониб  барои  бахши  аъзами  аҳолӣ  255  лоиҳаи  кӯмаки  башариро  ба маблағи умумии $18.1 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.    

Сентябрь 28, 2010 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад