ҶОПОН ВА СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ

Сентябрь 24, 2010 16:04

Файзобод,24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова).—Дар  маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ноҳияи Файзобод семинари Ассотсиатсияи миллии  хоҷагиҳои дехқонӣ оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонӣ,дониш ва таҷриба дар соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон » баргузор гардид. Дар семинар олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ба иштирокчиёни машварат оид ба парвариши картошка,гандум,ҷав ва дигар зироат маълумоти саҳеҳ доданд. Семинари мазкур бо дастгирии Ҳукумати   Ҷопон бо роҳбарии Такеши Абе ташкил шуда, фаъолияти худро дар ҷумҳурии мо аз моҳи марти  соли ҷорӣ  бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намудааст. Дар кори семинар раиси Ассотсиатсияи миллии хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ Азизбек Шарипов,ёвари ҳамоҳангсози барномаи мазкур Тӯрақул Муродов, раиси ноҳияи Файзобод Абдулло Ҳакимов ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Сентябрь 24, 2010 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад