ҶОПОН ВА СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ
Файзобод,24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова).—Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ноҳияи Файзобод семинари Ассотсиатсияи миллии хоҷагиҳои дехқонӣ оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонӣ,дониш ва таҷриба дар соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон » баргузор гардид. Дар семинар олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ба иштирокчиёни машварат оид ба парвариши картошка,гандум,ҷав ва дигар зироат маълумоти саҳеҳ доданд. Семинари мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷопон бо роҳбарии Такеши Абе ташкил шуда, фаъолияти худро дар ҷумҳурии мо аз моҳи марти соли ҷорӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намудааст. Дар кори семинар раиси Ассотсиатсияи миллии хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ Азизбек Шарипов,ёвари ҳамоҳангсози барномаи мазкур Тӯрақул Муродов, раиси ноҳияи Файзобод Абдулло Ҳакимов ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






