АНҶУМАНИ САРАТОНШИНОСОН (ОНКОЛОГҲО)

Сентябрь 30, 2010 09:06

 Душанбе, 30 сентябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои директори Маркази саратоншиносии ҷумҳурӣ Дилшод Зокирхоҷаев,  аз 1 – ум то 4 – уми октябри соли ҷорӣ дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе анҷумани саратоншиносони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) доир мегардад.    Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, дар кори анҷуман беш аз 300 нафар олимони саратоншинос, аз ҷумла 100 нафар академику профессорон ва роҳбарони марказҳои саратоншиносии ИДМ  ширкат меварзанд. Дар кори анҷуман ҳамчунин пешоҳангони саратоншиносии ИМА, Ҷопон, Италия, Швеетсия, Чехия ва дигар намояндагони соҳаи саратоншиносии давлатҳои хориҷи дур иштирок менамоянд.    Мақсад аз баргузории ин анҷуман муҳокима, пешгирии бемориҳои нави саратон ва усулҳои нави табобати он мебошад.    Дар доираи баргузории анҷуман дар муҷтамаи давлатии «Кохи Ваҳдат» намоишгоҳи тиббӣ кушода мегардад, ки дар он намунаҳои доруи нави зидди бемории саратон манзури тамошобинон гардонида мешаванд.

Сентябрь 30, 2010 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад