АВЗОИ САРҲАДИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН

Сентябрь 13, 2010 17:26

Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Мақолаи Асадулло Восиев бо номи «Ҷанг дар Қарамазор. Сарҳадбонони қирғиз се нафар ҳампешаи худро паррониданд», ки 9-уми сентябри соли ҷорӣ дар сомонаи «Сентразия. ру» нашр гардид, ба ҳақиқат наздик нест. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти сарраёсати қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар доданд. Сарчашма, ҳамчунин, овозаҳоро дар мавриди ноором будани вазъияти сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рад намуда, гуфт, ки айни замон вазъият дар ин минтақаи сарҳадӣ ором аст. Дар рафти хизмати сарҳадӣ далелҳои убури ғайриқонунии сарҳад, сарҳадшиканӣ  ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ ба қайд гирифта нашудаанд.

Сентябрь 13, 2010 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид