АЗ ҲАР ГЕКТАР 2 ТОННА ГАНДУМ

Сентябрь 22, 2010 10:44

         Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ дар вилояти Суғд дар майдони 111 ҳазору 402 гектар кишти ғалладона ва лӯбиёгиҳо гузаронида шудааст. То имрӯз майдони 89 ҳазору 87 гектар ё 80,1 фоизи майдони кишт даравида шуда, ҳосили он кӯфта гирифта шудааст.             Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, ҳосили ҷамъоваришуда аз ҳар гектар 17, 6 сентнериро ташкил додаст, ки ин пасттарин нишондод мебошад.             Дар ин вилоят соли ҷорӣ дар майдони 50 ҳазору 312 гектар гандум  кишт шуд. Айни замон ҳосили 48 ҳазор гектари он, ки 83 ҳазору 55 тоннаро ташкил намуд ба корхонаҳои ордбарорӣ супорида шудааст. Ва чунон ки дида мешавад, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар камтар аз 2 тоннаро ташкил додаст,ки бо рӯёнидани    чунин ҳосил амалӣ шудани «Барномаи амнияти озуқаворӣ» багумон аст.    

Сентябрь 22, 2010 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад