АЗМИ ҲУНАРМАНДОНИ ТЕАТР

Сентябрь 16, 2010 11:55

        Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Аз 10 то 19 сентябри соли равон ҳунармандони Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар вилояти Суғд сафари ҳунарӣ доранд.         Онҳо ба тамошобинон се намоишномаро аз рӯи асарҳои Фаттоҳ Одинаев, Дамир Дӯстмуҳаммадов ва Геннадий Гладков намоиш медиҳанд. Ба ғайр аз ин дар барномаи ҳунарии театр консертҳои оркестри вокалӣ — симфонӣ дохил карда шудаанд.         Тавре  директори   театри мазкур Холаҳмад Маҷидов  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, маросими ифтитоҳи ботантанаи чорабинӣ дар Театри мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ  баргузор мегардад.          Консертҳо бошанд дар шаҳрҳои Исфара ва Қайроққум гузаронида мешаванд. Дар қисмати опера операсарои маъруф Рустам  Дуллоев ҳунарнамоӣ мекунад, ки айни замон дар Итолиё зиндагӣ дорад.     

Сентябрь 16, 2010 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад