БӮРЁКӮБОН ДАР МАҲАЛЛАИ ЗАРАФШОН

Сентябрь 2, 2010 16:03

Душанбе, 2 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз дар остонаи ҷашни 19-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт як бинои истиқоматии 9-ошёна ба истифода дода шуд. Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, корҳои сохтмонию васлкунӣ дар ин бино аз ҷониби  пудратчии асосии  иншооти мазкур Корхонаи масъулияташ маҳдуди «Пойтахт»  аз моҳи июни соли 2009 оғоз  гардида,  моҳи августи соли 2010 ба анҷом расонид.         Бинои истиқоматӣ  дорои 108 ҳуҷра буда, миқдори хонаҳои  як ҳуҷрадор, дуҳуҷрадор ва сеҳуҷрадори он  36 ададӣ мебошанд. Масоҳати умумии бино 8112 м2 буда, фармоишгари  он Раёсати  асосии шаҳри Душанбе аст. Сохтмони бинои истиқоматии 9 ошёна аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе маблағгузорӣ гардидааст

Сентябрь 2, 2010 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад