БА ОМӮЗГОРИ СОБИҚАДОР КАЛИДИ ХОНА СУПОРИДА ШУД
Душанбе, 2 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар доираи Соли маориф ва фарҳанги техникӣ бо иштироки роҳбарону намояндагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Синои пойтахт конфронси илмию амалӣ баргузор шуд. Дар конфронс роҳҳои баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии толибилмон, ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам дар муассисаҳои таълимӣ, муҷаҳҳаз ва истифодаи самараноки технологияи муосири таълимӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва масъалаҳои дигари соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр шуд, ки дар чаҳорчӯбаи Соли маориф ва фарҳанги техникӣ дар пойтахт корҳои назаррас ба сомон расонида шуд. Бахусус, ба истифода додани як қатор муассисаҳои нави таълимӣ, таҷҳизонидани онҳо бо воситаҳои муосири техникии таълимӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад. Дар конфронс Раиси ноҳияи Сино Зафар Сафаров, мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Майрамбӣ Давлатова, корманди масъули Вазорати маориф ва ғолибони озмунҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии «Мактаби сол», «Мудири кӯдакистони сол», «Муаллими сол» ва «Мураббии сол» роҷеъ ба дастовардҳои ноҳия дар бахши маориф ва роҳҳои рушди минбаъдаи ин соҳа табодули назар карданд. Ҳамчунин, дар конфронс директори мактаби №94-и ноҳияи Сино Зарнигор Ҳамроева ба омӯзгори ботаҷрибаю собиқадори мактаби мазкур Нозима Камолова калиди манзили истиқоматӣ супорид. Мавриди зикр аст, ки мактаби №94-и пойтахт ғолиби озмуни шаҳрии «Мактаби сол-2009» буда, дар Рӯзи пойтахт дар маросими ботантана Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба директори мактаби №94 калиди хонаро тақдим карда буд. Дар фарҷоми конфронс Раиси ноҳияи Сино Зафар Сафаров ба омӯзгорони беҳтарини ноҳия ифтихорномаҳо супорид.