БА ОМӮЗГОРИ СОБИҚАДОР КАЛИДИ ХОНА СУПОРИДА ШУД

Сентябрь 2, 2010 10:57

Душанбе, 2 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар доираи Соли маориф ва фарҳанги техникӣ  бо иштироки роҳбарону намояндагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Синои пойтахт  конфронси илмию амалӣ баргузор шуд. Дар конфронс роҳҳои баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии толибилмон, ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам дар муассисаҳои таълимӣ, муҷаҳҳаз ва истифодаи самараноки технологияи муосири таълимӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва масъалаҳои дигари соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.      Зикр шуд, ки дар чаҳорчӯбаи  Соли маориф ва фарҳанги техникӣ  дар пойтахт корҳои назаррас ба сомон расонида шуд. Бахусус, ба истифода додани як қатор муассисаҳои нави таълимӣ,  таҷҳизонидани онҳо бо воситаҳои муосири техникии таълимӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дарак медиҳад. Дар конфронс Раиси ноҳияи Сино Зафар Сафаров, мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Майрамбӣ Давлатова, корманди масъули Вазорати маориф ва ғолибони озмунҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии  «Мактаби сол»,  «Мудири кӯдакистони сол», «Муаллими сол» ва «Мураббии сол» роҷеъ ба дастовардҳои ноҳия дар бахши маориф ва роҳҳои рушди минбаъдаи ин соҳа табодули назар карданд. Ҳамчунин, дар конфронс директори мактаби №94-и ноҳияи Сино Зарнигор Ҳамроева ба  омӯзгори ботаҷрибаю собиқадори мактаби мазкур Нозима Камолова калиди манзили истиқоматӣ супорид. Мавриди зикр аст, ки мактаби №94-и пойтахт ғолиби озмуни  шаҳрии «Мактаби сол-2009» буда,  дар Рӯзи пойтахт дар маросими ботантана Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба директори  мактаби №94  калиди хонаро  тақдим карда буд.    Дар фарҷоми конфронс Раиси ноҳияи Сино Зафар Сафаров ба омӯзгорони беҳтарини ноҳия ифтихорномаҳо супорид.  

Сентябрь 2, 2010 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид