БАРӮЙХАТГИРӢ ДАР БАДАХШОН

Сентябрь 29, 2010 16:46

Бадахшон, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Имрӯзҳо дар  саросари ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳру навоҳии ВМКБ низ маъракаи муҳими сиёсӣ-барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил,  ки барои ба тартиб даровардани фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд, ҷараён дорад. Тибқи иттилои сардори Сарраёсати Агентии Омори назди Президенти Ҷумҳурӣ дар ВМКБ Азизбек Холдорбеков имрӯз дар шӯъбаи бақайдгирии №27 дар баробари масъулини Раёсату шӯъбаҳои омори шаҳру  ноҳияҳо 1162 нафар кормандони муваққатӣ чун ҳисобчӣ фаъолият менамоянд. Масъулин тамоми кӯшишро бар он равона намудаанд,  ки ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар ҳудуди вилоят дар сатҳи баланд ва  дар доираи қонунҳои амалкунанда гузаронида шавад.  

Сентябрь 29, 2010 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад