БАРӮЙХАТГИРИИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИК ДАР ТУРКИЯ
Истамбул, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Катерина Аксакова),- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия дар байни тоҷикони муқими ин кишвар маъракаи барӯйхатгирии аҳолиро мегузаронад. Дар ин бора аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Анқара ба хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Барӯйхатгирии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Туркия дар доираи маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Тоҷикистон, ки имрӯзҳо дар ҷумҳурии мо баргузор гардида истодааст, доир мегардад. «Ҷамъоварии маълумот дар бораи шаҳрвандони тоҷик, ки дар Туркия истиқомат менамоянд, бо роҳи пурсиш ва пур кардани варақаи барӯйхатгирӣ амалӣ мегардад»,- хабар доданд аз сафорат. Барои пурсиши ҳамаи донишҷӯёне, ки дар шаҳрҳои гуногуни Ҷумҳурии Туркия таҳсил менамоянд, ба кормандони сафорат аъзои Шӯрои донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Туркия кӯмак мерасонанд». Барӯйхатгирии аҳолӣ 30 сентябр анҷом меёбад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






