БАРӮЙХАТГИРИИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИК ДАР ТУРКИЯ

Сентябрь 23, 2010 16:28

           Истамбул, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Катерина Аксакова),- Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия  дар байни тоҷикони муқими ин кишвар маъракаи барӯйхатгирии аҳолиро мегузаронад. Дар ин бора аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Анқара ба хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.             Барӯйхатгирии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Туркия дар доираи маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Тоҷикистон, ки имрӯзҳо дар ҷумҳурии мо баргузор гардида истодааст, доир мегардад.             «Ҷамъоварии маълумот дар бораи шаҳрвандони тоҷик, ки дар   Туркия истиқомат менамоянд, бо роҳи пурсиш ва пур кардани варақаи барӯйхатгирӣ амалӣ мегардад»,- хабар доданд аз сафорат. Барои пурсиши ҳамаи донишҷӯёне, ки дар шаҳрҳои гуногуни Ҷумҳурии Туркия таҳсил менамоянд, ба кормандони сафорат  аъзои Шӯрои донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Туркия кӯмак мерасонанд». Барӯйхатгирии аҳолӣ 30 сентябр анҷом меёбад.  

Сентябрь 23, 2010 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид