БАРГАРДОНИДАНИ МУЗДИ МАОШИ МУҲОҶИРИН

Сентябрь 27, 2010 15:59

Москва, 27 сентябр (АМИТ "Ховар", Ҳалима Хушқадамова). – «Вақтҳои охир арзу шикояти муҳоҷирони тоҷик ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия оид ба напардохтани музди маош ва поймол гаштани дигар ҳуқуқҳои ҳамватанони мо аз ҷониби корфармоёни бевиҷдон аз минтақаҳои гуногуни Русия зиёд гаштааст», — хабар доданд ба мухбири махсуси АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Сафорати ҶТ дар Русия. «Ҳамин тариқ, 20 сентябр аз номи 86 шаҳрванди Тоҷикистон ба шӯъбаи кор бо муҳоҷирони хадамоти консулии Сафорати ҶТ дар Федератсия Русия гурӯҳи коргарон нисбат ба роҳбарияти ҶК «Сургутстройтрест» шикоят намуда, гуфтанд, ки аз се то шаш моҳ боз маош нагирифтаанд. Кормандони шӯъбаи кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ бо роҳбарияти корхонаи мазкур сӯҳбати телефонӣ намуданд. Дар сӯҳбат кордиҳандагон ваъда доданд, ки масъалаи пардохти қарзи музди маоши шаҳрвандони аз ҷиҳати моддӣ зарардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дида баромада, ҳал менамоянд»,-иттилоъ доданд аз сафорати ҶТ дар Федератсияи Русия. Зикр гардид, ки танҳо дар се моҳи охир бо мусоидати кормандони Сафорат қариб 1 млн. 557 ҳазор рубл музди маоши шаҳрвандони Тоҷикистон  баргардонида шудааст.       

Сентябрь 27, 2010 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад