БАРГУЗИДАИ АШЪОРИ МИР АВЛИЁҲУСАЙН МАҒМУМИ ДАРВОЗӢ АЗ ЧОП БАРОМАД

Сентябрь 2, 2010 15:23

Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-  Ба наздикӣ нашриёти «Дониш» маҷмӯаеро бо номи «Мир Авлиёҳусайни Дарвозӣ» зери таҳия, танзим ва баргардонии адиб ва рӯзноманигори шинохта Ҳокими Азиз аз чоп баровард. Ба маҷмӯа Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат пешгуфтор навиштааст. Мақолаи доктори илми филология, профессор Худоӣ Шарипов бо номи «Яке аз шоирони фирорӣ» ва  нигоштаи доктори илмҳои таърих Қосимшоҳ  Искандаров ва мушовири шӯъбаи маорифи ноҳияи Дарвоз Сайидалишоҳ Қаландаров таҳти унвони «Нигоҳе ба рӯзгор ва осори шоир»  ҷой дода шудааст. Баргузидаи ашъори Мир Авлиёҳусайн Мағмуми Дарвозӣ аз муноҷот, 49 ғазал, 14 мухаммас, 1 маснавӣ, 7 рубоӣ, се марсия иборат буда, зери назари узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа  Кароматулло Олимов ва доктори илмҳои таърих Қосимшоҳ Искандаров нашр гардидааст.

Сентябрь 2, 2010 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд