БАРРАСИИ МАСИРИ ҲАҶ ДАР ОСИЁ

Сентябрь 27, 2010 15:29

Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-  Имрӯз дар маҷлисгоҳи Вазорати  фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  семинари омӯзишии минтақавии серӯза дар мавзӯи «Масири Ҳаҷ дар Осиё ва роҳҳои пайванди тамаддунҳо» бахшида ба эълон гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳанги исломӣ  дар соли 2010 бо иштироки мутахассисони дохилӣ  ва хориҷӣ  ба кори худ оғоз кард. Семинарро Вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ  ифтитоҳ бахшида, ҳайати иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт. Зимн суханрониаш  вазири фарҳанг баргузории ин гуна семинарҳои омӯзиширо муфид шуморида, қайд кард, ки мавсими Ҳаҷ барои покшавии инсонҳо аз гуноҳҳо, навсозии паймон ва имон ба Худованд фурсати хеле ҳам муносиб дониста мешавад. Дар кори семинар  мутахассисону донишмандони соҳаи дин  аз Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ширкат доранд.   Иштирокчиёни  семинари  «Масири Ҳаҷ дар Осиё ва роҳҳои пайванди тамаддунҳо» тайи се рӯз ҷанбаҳои тамаддунӣ  ва фарҳангӣ, таърихӣ  ва ҷуғрофӣ, иқтисодии масири Ҳаҷ дар кишварҳои Мовароуннаҳр, аз нав эҳё кардан ва анҷом додани роҳҳои Ҳаҷро баррасӣ  мекунанд. Лозим ба ёдоварист, ки ҳадаф аз баргузории семинари  мазкур аҳамияти ҳаҷ дар ҳаёти  мусулмонон, арзиши таърихӣ  ва рамзии роҳҳои адои он, ташаккули пулҳо  ҷиҳати пайвастшавии мардумон ва халқиятҳои гуногуни уммати Ислом мебошад.    

Сентябрь 27, 2010 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад