БАРРАСИИ МАСОИЛИ ДОХИЛШАВИИ ТОҶИКИСТОН БА СУС

Сентябрь 6, 2010 14:32

Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 сентябр семинари миллӣ таҳти унвони «Дар бораи Протокол ба Созишномаи Мадрид ҷиҳати бақайдгирии байналмилалии тамғаҳои молӣ» баргузор гардид. Дар он роҳбарияти Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ва масъулини вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, корҳои хориҷӣ ва судҳои иқтисодии кишвар иштирок карданд. Дар ҷараёни семинар масъалаҳои тақвият бахшидан ба рушди системаи ҳифзи моликияти саноатӣ дар Тоҷикистон ва раванди дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, ки яке аз самтҳои муҳими он ҳамоҳангсозии қонунҳои миллӣ ба санадҳои байналмилалӣ ва ҳамроҳшавии кишвар ба санадҳои байналмилалии соҳаи моликияти зеҳнӣ аст, баррасӣ гардид. Маврид ба зикр аст, ки дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУС барои рушди сиёсати иқтисодӣ афзалиятнок ва муҳим мебошад.

Сентябрь 6, 2010 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад