БАРРАСИИ МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОНУ ҚАЗОҚИСТОН

Сентябрь 29, 2010 14:39

Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади таҳким ва рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аз 27 то 30-юми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе мулоқоту дидорҳои намояндагони корхонаву ширкатҳои Қазоқистон сурат мегирад. Дар ин замина, 28 сентябр мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Умед Давлатзод бо мушовири Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон  А.И.Айдашев ва директори департамент оид ба пешбурди содироти ҷамъияти саҳҳомии «Агентии миллӣ оид ба содирот ва сармоягузорӣ KAZNEX» Д.О.Грузо баргузор гардид. Аз маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни мулоқот доир ба масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвар, тавсеаи робитаҳои бевосита миёни корхонаву ширкатҳои истеҳсолӣ, ҷалби сармоягузориҳо ҷиҳати фаъол намудани минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт. Ҳамзамон қайд гардид, ки барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ имконияту захираҳои истифоданашуда хеле зиёданд, ки ба таври васеъ истифода бурдани онҳо ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд.

Сентябрь 29, 2010 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад