БАРРАСИИ ПЕШНИҲОДИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Сентябрь 20, 2010 16:53

Хуҷанд, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). -17 сентябр вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Домуллоҷон Ҷабборов аз ҳавзаи интихоботии рақами 13-и шаҳри Хуҷанд интихобкунандагонро дар бинои маъмурии шаҳри Хуҷанд қабул намуд. Аз номи зиёда аз шашсад сокини маҳаллаҳои Содирхон Ҳофиз, Тути Калон, Чорчироғ, Инқилоб, Раззоқ, қасабаи ҳаштум, ҳамчунин, комбинати омӯзишӣ-истеҳсолии нобиноёни шаҳр ба қабули вакили халқ қариб 20 нафар интихобкунандагон омаданд. Истиқоматкунандагони шаҳр асосан оид ба масъалаҳои ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди сохтмони хонаи истиқоматӣ, таъмири роҳ, имтиёз барои андозбандӣ ва таъмири ёдгориҳои таърихӣ муроҷиат намуданд. «Ҳамаи масъалаҳое, ки интихобкунандагон пешниҳод намуданд, дар мӯҳлати наздик дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва дар ҳамдастӣ бо вазорату идораҳои марбута ҳалли худро меёбанд», — гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар  Домуллоҷон Ҷабборов.  

Сентябрь 20, 2010 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид