БАТАРЕЯҲОИ ОФТОБИИ МУРҒОБ
Бадахшон, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо).-Оби рӯдхонаи Оқсу одатан дар фасли зимистон ях мебандад ва аз ин сабаб нерӯгоҳи барқии ноҳияи Мурғоб баъзан аз кор мемонад. Дар ин ҳолат мардум муваққатан рӯй ба шамъу чароғҳо меоранд. Вале 196 оилаи камбизоати ин ноҳия дар фасли зимистони имсола аз ин ташвиш халосанд, зеро тобистони соли ҷорӣ Президенти кишвар ба ин оилаҳо батареяҳои офтобӣ тақдим намуд. Бояд гуфт,ки ин батареяҳо ба ҷуз аз равшанӣ бахшидан ба хонаҳо, боз қудрати ба кор даровардани телевизор ва радиоро низ доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд






