БЕҲБУДИИ ВАЗЪИ ТАЪМИНОТ БО ГАЗ
Кӯлоб, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар»,Сулаймон Холов).-Интиқоли газ ба маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб имсол нисбат ба соли гузашта беҳтар гардида бошад ҳам ,аммо таъмини пурраи аҳолии шаҳр бо газ мувофиқи мақсад нест,-гуфт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иҷрокунандаи вазифаи раиси ҶСШК «Кӯлобгаз» Хуршед Содиқов ва афзуд,ки айни ҳол 2900 метри кубӣ газ ба маҳаллаҳои Борбад ва Шамсиддин Шоҳин дода мешавад.Дар айни замон аҳолии ин маҳаллаҳо 24 соат бо газ таъмин мебошанд. Ба гуфтаи ин манбаъ интиқоли газ ба заводи хишти Кӯлоб аз сабаби қарздорӣ,ки маблағи он 26 ҳазор сомониро ташкил медиҳад,қатъ гардида,ба маҳаллаҳои шаҳр равона гардидааст. Хуршед Содиқов таъмини нопурраи гази шаҳри Кӯлобро аз фаъол набудани истихроҷи газ дар кони Хоҷасартез ва чоҳҳои гази Балҷувон тайи 4-5 соли охир дида,мегӯяд,ки таъмини газ аз тарафи гази Хоҷасартез фаъол набуда,ҳамагӣ 2900 ё 3000 куб газ ба шаҳр ворид мегардад,ки мо бо ин миқдор 20 %-и аҳолиро ҳам наметавонем бо газ таъмин намоем.Аз ин лиҳоз тасмим гирифтем, фурӯши гази моеъро ба аҳолии шаҳр нисбатан бо нархи арзон ба роҳ монда, ба ин васила мардуми Кӯлобшаҳрро дар давраи зимистон бо гази моеъ таъмин намоем. Хуршед Содиқов, ҳамчунин, зикр намуд,ки барои пурра таъмин намудани ҳамаи маҳаллаҳои шаҳр бо газ ба мо 60-70 ҳазор куб газ лозим аст,ки ин кори ниҳоят душвор мебошад








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






