БЕМОРИИ СИЛ АФЗОИШ МЕЁБАД
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти маркази санитарӣ — эпидемологии минтақаи Кӯлоб, дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ мутахассисони фтизиатрӣ бори аввал дар 10 ноҳияи минтақаи мазкур 898 беморони ба касалии сил гирифторро муайян карданд. Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ, 56 ҳодисаи ба қайд гирифтани ин беморӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст. Ҳолати аз ҳама пуризтироб дар ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадонӣ боқӣ мемонад. Нишондоди аз ҳама баланди беморӣ чун пештар дар ноҳияи Восеъ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин ноҳия бори аввал 230 нафар беморони мубталои сил муайян карда шуданд, ки нисбат ба соли 2009 16 нафар зиёд аст. Ҳамчунин дар натиҷаи санҷиш 151 нафар беморони гирифтори сил дар ноҳияи Ҳамадонӣ ва 193 нафар дар шаҳри Кӯлоб муайян карда шуданд. Бо вуҷуди он ки ташкилоти байналмилалии тандурустӣ (ВОЗ) барномаҳоеро дар роҳи аз байн бурдани ин беморӣ дар Тоҷикистон бо даҳҳо миллион доллар роҳандозӣ намудааст, аммо ин беморӣ рӯ ба афзоиш дорад-чаро? Ин саволи рӯз аст, ки ба он Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ва мутахассисони соҳаи он бояд посух диҳанд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






