БИОХИМИЯ СОҲАИ ЗАРУРӢ
Душанбе, 23 сентябр. ( «АМИТ Ховар» , Сангзода Муслиҳиддин)— Бахшида ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ соли ҷорӣ китоби нави таълимии «Биохимияи растаниҳо» , ки ба қалами профессорон М .М . Ёқубова ва З. М. Ҳамробоева тааллуқ дорад, бо кӯмаки профессорон Г. Раҳмихудоев ва Т. Ҷ . Ғиёсов аз ҷониби матбааи «Хирад» нашр гардид. Китоби мазкур оид ба дастовардҳои муосири илмӣ, дар бораи хусусият ва мубодилаи моддаҳои асосии растанӣ , миқдори онҳо дар таркиби растанӣ ва истифодаи амалии онҳо маълумоти умумӣ пешниҳод менамояд. Муаллифон аҳамияти фанни биохимияро дар пешгуфтори китоб чунин зикр намудаанд : «Истифодабарии биохимияи растаниҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ : растанипарварӣ ва селексия, саноати хӯрокворӣ, дорусозӣ васеъ ба роҳ монда шудааст . Биохимия барои тамоми соҳаҳои саноат, ки ба коркарди ашёи хоми растанӣ сарукор доранд , зарур аст». Бояд гуфт,ки китоби мазкур барои донишҷӯёни факултаи биология ва мутахассисони соҳаи мазкур равона гардидааст. .








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






