БИОХИМИЯ СОҲАИ ЗАРУРӢ

Сентябрь 23, 2010 16:36

Душанбе,  23  сентябр. ( «АМИТ  Ховар» , Сангзода  Муслиҳиддин)—    Бахшида  ба  Соли  маориф  ва фарҳанги  техникӣ   соли  ҷорӣ   китоби нави  таълимии  «Биохимияи  растаниҳо» ,  ки  ба  қалами  профессорон  М .М . Ёқубова  ва  З. М.  Ҳамробоева  тааллуқ дорад,   бо  кӯмаки   профессорон    Г. Раҳмихудоев  ва  Т. Ҷ .  Ғиёсов  аз  ҷониби  матбааи    «Хирад» нашр гардид.  Китоби  мазкур  оид ба   дастовардҳои  муосири  илмӣ,  дар  бораи   хусусият  ва  мубодилаи   моддаҳои   асосии  растанӣ ,  миқдори   онҳо  дар  таркиби    растанӣ    ва  истифодаи  амалии   онҳо  маълумоти   умумӣ пешниҳод  менамояд. Муаллифон   аҳамияти  фанни биохимияро   дар   пешгуфтори  китоб чунин   зикр  намудаанд :  «Истифодабарии   биохимияи  растаниҳо  дар  соҳаҳои  кишоварзӣ :  растанипарварӣ  ва  селексия,  саноати хӯрокворӣ,   дорусозӣ  васеъ  ба роҳ  монда шудааст .  Биохимия  барои тамоми  соҳаҳои  саноат,  ки  ба  коркарди   ашёи  хоми  растанӣ  сарукор  доранд ,  зарур  аст». Бояд гуфт,ки китоби мазкур барои донишҷӯёни факултаи биология ва мутахассисони соҳаи мазкур равона гардидааст. .

Сентябрь 23, 2010 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид