БО МЕҲНАТИ ҲАЛОЛИ ХУД ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

Сентябрь 29, 2010 09:41

   Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои мудири бахши робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Файзутдин Фозилов, ҳамасола  ҷашнвораҳои ҷумҳурӣ — Рӯзи  Конститутсия (Сарқонун), Наврӯз, Иди Ғалаба, Истиқлолияти давлатӣ аз тарафи  кормандони вазорати мазкур махсус қайд карда мешаванд. Дар ин рӯзҳои таърихӣ онҳое, ки сидқан ба халқу ватани худ хизмат кардаанд, бо ордену медал, ва унвону мукофоти молиявӣ қадрдонӣ мешаванд.    Соли ҷорӣ дар рӯзи иди Истиқлолияти давлатӣ директори Агентии давлатии Суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Раҷабалӣ Дамонов бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон», сардори шӯъбаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ Ғарибшо Сӯфишоев бо  медали «Шафқат» ва мудири бахши робита бо ҷомеаи вазорат Файзутдин Фозилов бо медали «Хизмати шоиста» қадр карда шуданд.    Ҷоизадорон аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан аз Сарвари давлат барои ин қадршиносӣ изҳори сипос намуданд.  

Сентябрь 29, 2010 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад