БОЗДОШТИ АБДУРАСУЛ МИРЗОЕВИ ФИРОРӢ

Сентябрь 6, 2010 14:44

Душанбе, 6 сентябр. ( АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар натиҷаи бурдани корҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ субҳи рўзи 6 сентябри соли равон дар ҳудуди ноҳияи Файзобод боз як нафар аъзои гурўҳи муташаккили мусаллаҳе, ки аз маҳкамаи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи 23 августи соли равон фирор намуда буданд, дастгир гардид. Ин нафар Абдурасул Мирзоев, соли таваллудаш 1958, сокини шаҳри Душанбе мебошад, ки барои содир намудани як қатор ҷиноятҳои махсусан вазнин ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб  шуда буд. Абдурасул Мирзоев бо моддаи 216 қисми 1, 135 қ1, 131қисми 2 бандҳои А,Б,Е, 334 қисми 2, 191 қисми 2 банди б, 340 қисми 2 бандҳои А,Б, 195 қисми 2 бандҳои Б,В ва 306 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум гардида, ба мўҳлати 30 сол аз озодӣ маҳрум гардида буд. Айни замон барои муайян намудани макон ва боздошти дигар аъзои ин гурўҳи фирориён корҳои фаврӣ-ҷўстуҷўӣ идома дорад.   Тарҷумаи  Н. Қодирова

Сентябрь 6, 2010 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад