БОЗОМӮЗИИ МУТАХАССИСОНИ ТОҶИК АЗ ТАТБИҚИ ТИК
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – 27 сентябр ҳайати 12-нафараи мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Тоҷикистон аз сафари Ҷумҳурии Қазоқистон баргашт. Ин ҳайат дар шаҳри Алмаато бо таҷрибаи татбиқи Барномаи давлатии «ҳукумати электронӣ» дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии Қазоқистон, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) дар идоракунии муассисаҳои давлатӣ шинос шуд. Дар рафти машғулиятҳои назариявӣ мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Қазоқистон дар самти идоракунӣ ва хизматрасонӣ ба иштирокдорони семинар маълумоти муфассал доданд. Бозомӯзӣ бо дастгирии Шӯъбаи тоҷикистонии Институти «Ҷомеаи Кушода»-и Хазинаи Мадад доир гардид. Ёдрас мешавем, ки як моҳ муқаддам намояндагони Тоҷикистон дар ҳамин ҳайат дар семинар-тренинг оид ба татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар фаъолияти идоракунии мақомоти давлатии маҳаллӣ, ки дар пойтахти Эстония – шаҳри Таллинн баргузор гардид, ширкат карда буданд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд






