БУНЁДИ БОҒҲО ДАР ДОМАНАКӮҲҲО

Сентябрь 24, 2010 10:37

              Рашт, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ ).- Боғдорӣ яке аз соҳаҳои асосӣ ва сердаромади ноҳияи Рашт ба шумор меравад. Боғдорони ноҳияи мазкур хамасола баробари бунёди боғҳои нав боғҳои кӯҳнаро низ барқарор менамоянд. Майдони боғҳои ҷамоати Навдеҳи ноҳия қариб ба 1000 гектар мерасад. Боғдорон дар майдонҳои боғи худ асосан ба парвариши ҳосили себу нок машғуланд. Айни замон ноки пешпазак пухта расида, боғдорон ҳосили онро ба ноҳияҳои гирду атроф ва пойтахт мефиристанд.             Роҳбарони ноҳия тамоми майдонҳои боғи нави себу нокро ба ҳисоби боғдорону хоҷагидорон гузоштаанд. Солҳои охир майдони боғҳо афзуда истодаанд, асосан дар доманакӯҳҳо боғҳои нав бунёд шуда истодаанд. Боғдорон ният доранд, ки ҳосили фаровони мева истеҳсол намуда, саҳми худро дар фаровонии маҳсулоти бозорҳои кишвар гузоранд.        

Сентябрь 24, 2010 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад