БУРДУ БОХТИ 5 БОЗИИ ШАТРАНҶБОЗОНИ ТОҶИК
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз 19 сентябр дар шаҳри Ханти-Мансийски Федератсияи Русия Олимпиадаи 39-уми ҷаҳонии шоҳмот ҷараён дорад, ки дар он дастаҳои мардонаю занонаи шоҳмоти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд. Ин дастаҳо то имрӯз панҷ бозигӣ анҷом додаанд. Дастаи мардонаи Тоҷикистон, ки дар 5 бозӣ 1 ғалаба ба даст оварда, 2 бозиро мусовӣ кард ва дар 2 бозӣ мағлуб гашт, байни 149 даста дар ҷои 87-ум қарор дорад. Шатранҷбозони тоҷик Фаррух Амонатов, Анвар Назаров, Ҷамшед Исоев, Соҳиб Ҷӯраев ва Рашид Ҳусейнов бар дастаи Тринидад ва Тобаго бо ҳисоби 4:0 ғалаба карда, бозиро бо дастаҳои Тайланд ва Пуэрто-Рико бо ҳисоби 2:2 анҷом доданд ва аз дастаҳои Белгия ва Уругвай бо ҳисоби якхелаи 1,5:2,5 шикаст хӯрданд. Дастаи занонаи Тоҷикистон бошад, баъди 5 бозӣ — 2 ғалаба, 1 мусовӣ ва 2 бохт байни 115 даста дар ҷои 53-юм қарор дорад. Бонувони шатранҷбози тоҷик Марворид Насриддинзода, Надежда ва Лидия Антоноваҳо, Асила Мӯҳтоҷзода ва Мутрибаи Илҳом бар дастаҳои Яман бо ҳисоби 3:1 ва Пуэрто-Рико бо ҳисоби 3,5:0,5 пирӯз шуда, бозиро бо IBCA бо ҳисоби 2:2 анҷом доданд ва аз дастаҳои Озарбойҷон бо ҳисоби 0,5:3,5 ва Барбадос бо ҳисоби 1,0:2,5 мағлуб гаштанд. Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи ҷаҳонӣ дар 11 давр, то рӯзи 4-уми октябр идома хоҳад кард.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






