БУРЁКӮБОНИ 9 ОИЛА ДАР КӮЛОБ

Сентябрь 2, 2010 14:43

  Кӯлоб, 2 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Ширкати  «Ёқут- 2000»-ум дар қатори дигар вазорату корхона ва идораҳои сохтмонию соҳибкорон сохтмони панҷ хонаи истиқоматиро дар маҳали чоруми сохтмонии шаҳри Кӯлоб ба ӯҳда гирифта, дар муддати дуюним моҳ хонаҳоро бо сифати баланд сохта, мавриди истифода қарор дод. Дар расми ба истифода супоридани хонаҳои истиқоматӣ раиси шаҳри Кӯлоб иштирок намуда, баъди аз назар гузаронидани хонаҳо ва сӯҳбат бо шаҳрвандон дар ҳолати тантанавӣ сипосномаи мардуми шаҳри Кӯлобро ба роҳбари ширкати мазкур тақдим намуд. Дар сохтмони панҷ хона давоми дуюним моҳ 70 нафар сохтмончиёни баландихтисос аз шаҳри Душанбе ва сохтмончиёни маҳаллӣ ҷалб гардида буданд. Кормандони Иттифоқи ҷамъияти «Тоҷикматлубот»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сохтмони 4 хонаи истиқоматӣ ва ду мағозаро дар қитъаҳои якум ва чорум ба ӯҳда гирифта буданд, дар вазъи тантанавӣ калиди хонаҳоро ба соҳибонашон супориданд. Сокинон аз сифати сохтмони хонаҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, миннатдории худро ба роҳбарияти кишвар, ширкати «Ёқут- 2000»-ум ва Иттифоқи ҷамъияти «Тоҷикматлубот»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд. Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз 80 фоизи хонаҳои истиқоматӣ дар 6 қитъаи сохтмонӣ барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида мавриди истифода қарор гирифтаанд. Бино ба иттилои масъулин то оғози фасли сармо ҳамаи манзилҳои зист ба истифода дода мешаванд.                                                                     Таҳрири М. Анварӣ

Сентябрь 2, 2010 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад