CӮХТОР ДАР БОЗОР

Сентябрь 23, 2010 11:01

Кӯлоб, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Сӯхторҳои пай дар пайи дар бозорҳои кишвар, ки давоми ҳашт моҳи охир ба амал омад, ва дар натиҷа миқдори зиёди молу маҳсулоти мардум ба маблағи даҳҳо ҳазор сомонӣ нобуд гардид, Хадамоти давлатии сӯхторнишонӣ ва ҳокимиятҳои маҳаллиро ба ташвиш овардааст. Аз ин рӯ дар ҳамаи бозорҳо санҷиш ва машқҳои бехатарии сӯхтор гузаронида мешавад. Бо дархости раёсати бозори марказии «Саховат»-и  шаҳри Кӯлоб комисияи вакилон дар якҷоягӣ бо Хадамоти давлатии сӯхторнишонӣ машқи бехатарии сӯхтор гузарониданд. Ба гуфти масъулин мувофиқи нақшаи генералӣ дар ҳудуди бозори «Саховат» барои мошини сӯхторнишонӣ бояд 3 гузаргоҳ бошад, ки дар ҳолати рух додани сӯхтор сари вақт тавонанд онро бартараф намоянд. Ҳарчанд мошини сӯхторнишонӣ бо сигнали шартӣ ва чароғакҳояш ба сӯи бозор ҳаракат мекард, дигар нақлиёти шахсию ҷамъиятӣ ба ӯ роҳ намекушоданд.  Ҳангоми гузаронидани чорабинӣ маълум гардид, ки ҳамаи гузаргоҳҳои дохили бозор аз ҷониби соҳибкорон бо девору дӯконҳо маҳкам шуда, имкони ҳаракат кардани техникаи сӯхторнишонӣ ғайриимкон аст. Роҳбарияти кунунии бозори «Саховат» бо кормандони идораи сӯхторнишонӣ дӯкону деворҳо ва дигар мамониятҳоро бартараф намуда, нисбат ба як қатор соҳибкорон санадҳо тартиб доданд. Давоми се соати гузаронидани машқ кормандони ҳифзи тартиботи ҷамъиятии бозор бетарафиро ихтиёр намуданд, ки ин барои кори комиссия душворӣ эҷод намуд. Баъд аз анҷоми чорабинӣ кормандони Хадамоти сӯхторнишонӣ ба таъмири техникаи худ, ки дар ин машқ осеб дида буд, машғул гардиданд.  

Сентябрь 23, 2010 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад