CӮХТОР ДАР БОЗОР
Кӯлоб, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Сӯхторҳои пай дар пайи дар бозорҳои кишвар, ки давоми ҳашт моҳи охир ба амал омад, ва дар натиҷа миқдори зиёди молу маҳсулоти мардум ба маблағи даҳҳо ҳазор сомонӣ нобуд гардид, Хадамоти давлатии сӯхторнишонӣ ва ҳокимиятҳои маҳаллиро ба ташвиш овардааст. Аз ин рӯ дар ҳамаи бозорҳо санҷиш ва машқҳои бехатарии сӯхтор гузаронида мешавад. Бо дархости раёсати бозори марказии «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб комисияи вакилон дар якҷоягӣ бо Хадамоти давлатии сӯхторнишонӣ машқи бехатарии сӯхтор гузарониданд. Ба гуфти масъулин мувофиқи нақшаи генералӣ дар ҳудуди бозори «Саховат» барои мошини сӯхторнишонӣ бояд 3 гузаргоҳ бошад, ки дар ҳолати рух додани сӯхтор сари вақт тавонанд онро бартараф намоянд. Ҳарчанд мошини сӯхторнишонӣ бо сигнали шартӣ ва чароғакҳояш ба сӯи бозор ҳаракат мекард, дигар нақлиёти шахсию ҷамъиятӣ ба ӯ роҳ намекушоданд. Ҳангоми гузаронидани чорабинӣ маълум гардид, ки ҳамаи гузаргоҳҳои дохили бозор аз ҷониби соҳибкорон бо девору дӯконҳо маҳкам шуда, имкони ҳаракат кардани техникаи сӯхторнишонӣ ғайриимкон аст. Роҳбарияти кунунии бозори «Саховат» бо кормандони идораи сӯхторнишонӣ дӯкону деворҳо ва дигар мамониятҳоро бартараф намуда, нисбат ба як қатор соҳибкорон санадҳо тартиб доданд. Давоми се соати гузаронидани машқ кормандони ҳифзи тартиботи ҷамъиятии бозор бетарафиро ихтиёр намуданд, ки ин барои кори комиссия душворӣ эҷод намуд. Баъд аз анҷоми чорабинӣ кормандони Хадамоти сӯхторнишонӣ ба таъмири техникаи худ, ки дар ин машқ осеб дида буд, машғул гардиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






