ЧОРАБИНИИ ДИЛПАЗИР

Сентябрь 24, 2010 16:09

Шаҳраки Сомониён,24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Таҷлили рӯзи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  имсол дар ноҳияи Рӯдакӣ  бо баргузории фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» рост омад.   Бояд гуфт,ки   ин  ду чорабинии фарҳангӣ бо иштироки фаъолонаи тамоми сокинони ҷамоатҳо дар сатҳи хеле баланд баргузор  гардид.    Намояндагони  ҳамаи ҷамоатҳо бо намоиши маҳсули  дастони занони  ҳунарманди  ҳудуди  ҷамоаташон, аз қабили гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ, бахиядӯзӣ, зардӯзӣ ва ғайра ҳунарҳои  мардумиро  манзури  тамошобинон намуданд.      Садо додани ашъори баландғояи устод Рӯдакӣ чорабиниро шукӯҳу шаҳомати хоса  бахшид. Ёдовар мешавем,ки имрӯз дар ноҳияи   Рӯдакӣ даври минтақавии фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ»   баргузор гардид.  

Сентябрь 24, 2010 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад