ДАР ҶУСТУҶӮИ ГУМШУДАГОН

Сентябрь 23, 2010 10:28

          Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бор дар шаҳри Хуҷанд ташкилоти ҷамъиятии «Диёр» таъсис дода шуд.             Мақсад аз таъсиси чунин як ташкилоти ҷамъиятӣ пайдо кардани одамонест, ки бар асари ҳодисаҳои гуногун бедарак  гардидаанд. Ашхоси гумшуда нафақат дар дохили кишвар, балки дар хориҷ аз он ҳам ҷустуҷӯ карда мешаванд,-мегӯяд   роҳбари ин  ташкилот  Баҳриниссо Абдураҳмонова.             Ташкилоти ҷамъиятии «Диёр» ба тарзи хайрия фаъолият мекунад ва дар пайдо кардани  ашхоси бедарак ғайбзада ба хешу табори онҳо кӯмаки  ройгон мерасонад. Ташкилоти мазкур аллакай дар пайдо кардани даҳҳо шаҳрвандон муваффақ шудааст.             Ба гуфти Баҳриниссо Абдураҳмонова, рӯзҳои наздик истиқоматкунандаи шаҳри Радужнии вилояти автономии Ханти Мансии  ФР Жанар Орозалинро, ки 10 сол боз ҷустуҷӯ карда мешавад, тавассути консули генералии Русия дар  шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба зодгоҳаш интиқол дода мешавад.

Сентябрь 23, 2010 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад