ДАР ҶУСТУҶӮИ ГУМШУДАГОН
Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бор дар шаҳри Хуҷанд ташкилоти ҷамъиятии «Диёр» таъсис дода шуд. Мақсад аз таъсиси чунин як ташкилоти ҷамъиятӣ пайдо кардани одамонест, ки бар асари ҳодисаҳои гуногун бедарак гардидаанд. Ашхоси гумшуда нафақат дар дохили кишвар, балки дар хориҷ аз он ҳам ҷустуҷӯ карда мешаванд,-мегӯяд роҳбари ин ташкилот Баҳриниссо Абдураҳмонова. Ташкилоти ҷамъиятии «Диёр» ба тарзи хайрия фаъолият мекунад ва дар пайдо кардани ашхоси бедарак ғайбзада ба хешу табори онҳо кӯмаки ройгон мерасонад. Ташкилоти мазкур аллакай дар пайдо кардани даҳҳо шаҳрвандон муваффақ шудааст. Ба гуфти Баҳриниссо Абдураҳмонова, рӯзҳои наздик истиқоматкунандаи шаҳри Радужнии вилояти автономии Ханти Мансии ФР Жанар Орозалинро, ки 10 сол боз ҷустуҷӯ карда мешавад, тавассути консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба зодгоҳаш интиқол дода мешавад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






