ДАР ПОЙТАХТ «РӮЗИ КИТОБ» ҶАШН ГИРИФТА ШУД

Сентябрь 4, 2010 11:40

       Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар ҷумҳурӣ «Рӯзи китоб» ҷашн гирифта мешавад. Тайи чанд рӯз аст, ки дар китобхонаҳои пойтахт бахшида ба ин рӯз як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла намоиши китобҳо, конфронсҳо ва вохўрию сўҳбатҳо бо адибонро мегузаронанд.       Бо ин мақсад, имрӯз 4 сентябр дар Китобхонаи миллии ба номи А. Фирдавсӣ дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки намояндагони илму фарҳанг аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва Академияи илмҳои Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.      Дар доираи он намоиши калони китоб ва рӯзномаю маҷалла муаррифӣ гардид, ки дар он беҳтарин осори китобхона ба маърази тамошо гузошта шуд.      Ҳамчунин, дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар имрӯз бахшида ба «Рӯзи китоб» муаррифии китобҳо ва вохўрии шоирон бо хонандагон доир гардад.      Бояд ёдрас шуд, ки соли 2008 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 4 сентябрро ҳамчун «Рўзи китоб» эълон намуд. 

Сентябрь 4, 2010 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад