ДАР ТОҶИКИСТОН РӮЗИ ЗАБОНРО ҶАШН МЕГИРАНД

Сентябрь 28, 2010 09:47

Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- 1 октябри соли 2010 дар  Кохи «Ваҳдат» бахшида ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявии  илмию амалӣ таҳти унвони «Истиқлолият ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон» баргузор мегардад.             Дар конфронс  мавзӯъҳои Истиқлол ва забони давлатӣ, Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун кафили рушди забонҳо, забон пайвандгари наслҳо, забони давлатӣ ва мушкилоти тавсияи он, омилҳои шинохти забони давлатӣ, сиёсати давлатии истифодаи забонҳо дар Тоҷикистон ва нақши ақаллиятҳои миллӣ дар он мавриди баррасӣ қарор мегиранд.             Ҳамчунин, дар атрофи вазъи забони илм дар даврони истиқлол, луғати ислоҳот, сиёсати давлатии забон ва масоили номгузорӣ бо забони миллӣ ва бедории фикрӣ мубодилаи афкор сурат хоҳад гирифт.             Ёдовар мешавем, ки  конфронси мазкур сиёсати забонии Ҷумҳурии Тоҷикистон  (то Истиқлол ва баъд аз Истиқлол), амалкарди забони тоҷикӣ ва ташаккулу рушди лексикаи ороишӣ-зинатии онро муайян менамояд.

Сентябрь 28, 2010 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад