ДУШАНБЕ БОҒШАҲР МЕГАРДАД

Сентябрь 16, 2010 10:38

Душанбе, 16 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Алҳол корҳои сохтмонӣ дар Боғи навбунёди фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар сатҳи зарурӣ ҷараён дорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сармуҳандиси Сарраёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе Рустам Муродов иттилоъ дод.         Мавсуф афзуд, ки Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои пойтахт, аниқтараш дар маҳаллаи Буни Ҳисорак бунёд мешавад. Боғи мазкур дар доираи нақшаи Генералии шаҳри Душанбе бунёд гашта, назираш дар миқёси кишварҳои Осиёи Марказӣ ягона хохад буд.         Боғ дар масоҳати 15 гектар доман густурда, он ба яке аз мавзеъҳои зебоманзар ва ҷойи сайругашти сокинон ва меҳмонони пойтахт табдил хоҳад гашт.         Мавриди зикр аст, ки алҳол дар пойтахт теъдоди Боғҳои фарҳангу фароғатӣ афзудааст. Боғҳои фарҳангу фароғатии Устод Рӯдакӣ, Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», Боғи ботаникии пойтахт аз ҳамин қабиланд, ки  маркази баргузории чорабиниҳои гуногуни идона, ҷашнҳои суннатӣ ва сайругашти шаҳрвандон гардидаанд.

Сентябрь 16, 2010 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад