ФАЪОЛИЯТИ ХУБИ БАРӮЙХАТГИРОН

Сентябрь 29, 2010 13:42

Файзобод,29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова).—Тавре сардори  раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод  Саъдулло Ятимов  ба мухбири АМИТ «Ховар » иттилоъ дод,мақомоти маҳаллии омори ноҳия дар 7 шӯъбаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил,60 қитъаи дастурдиҳӣ,226 қитъаи баҳисобгирии рӯйхати аҳолӣ корро бо низоми муайян ба роҳ мондаанд. Бояд гуфт,ки тибқи маълумот дар як рӯз нақшаи  барӯйхатгирии  аҳолӣ ва фонди манзили ноҳия  11 фоиз иҷро мегардад.То рӯзи 27 сентябри соли ҷорӣ дар ноҳия 54 ҳазору 330 нафари аҳолӣ ба қайд гирифта шудаанд. Саъдулло Ятимов афзуд,ки то санаи охирини барӯйхатгирӣ,яъне   то 30 сентябр ин маърака дар ноҳияи Файзобод пурра ба анҷом мерасад. Зикр кардан ба маврид аст,ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ  кормандони шӯъбаҳои бақайдгирии рақамҳои 1,2,4 ва 5 фаъолона меҳнат намуда,аз ӯҳдаи кори хеш ба хубӣ баромаданд.

Сентябрь 29, 2010 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад