ФАЪОЛИЯТИ «ТОҶИКСЕМЕНТ» МАҲДУД МЕШАВАД

Сентябрь 29, 2010 17:21

    Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – ҶС «Ӯзтрансгаз» ҶС «Тоҷиктрансгаз»-ро огоҳ намуд, ки дар ҳолати напардохтани қарз аз рӯзи чоршанбе оғоз карда интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистон 50 % кам карда мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҶС «Тоҷиктрансгаз» хабар доданд. Манбаъ қайд намуд, ки айни замон интиқоли газ аз давлати ҳамсоя ҳамагӣ 12 ҳазор кубометрро дар як соат ташкил медиҳад. Аз онҳо 10 ҳазор кубометраш ба эҳтиёҷоти заводҳои сементбарорӣ ва истеҳсоли алюминий рост меояд.   «Қарзи интиқолдиҳандагони ӯзбек 1,8 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Агар интиқоли гази ӯзбекӣ  50% кам шавад, дар он ҳолат гази табиӣ танҳо ба заводи аюминий дода мешавад, ки дар натиҷа истеҳсолот дар муассисаи «Тоҷиксемент» манъ мегардад»,- афзуд манбаъ. Ҳамчунин, қайд гардид, ки содироти дохилии гази табиӣ 50 ҳазор кубометрро дар як шабонарӯз ташкил медиҳад, ки ин хеле кам буда, танҳо барои эҳтиёҷоти шаҳри Қурғонтеппа сарф мешавад.     Тибқи иттилои Агентӣ аз рӯи нишондодҳои омории Тоҷикистон, аз оғози соли ҷорӣ инҷониб воридоти гази табиӣ 121,5 миллион кубометр ба маблағи 28, 4 миллион долари ИМА-ро ташкил дод.           

Сентябрь 29, 2010 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад