ФАЪОЛИЯТИ «ТОҶИКСЕМЕНТ» МАҲДУД МЕШАВАД
Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – ҶС «Ӯзтрансгаз» ҶС «Тоҷиктрансгаз»-ро огоҳ намуд, ки дар ҳолати напардохтани қарз аз рӯзи чоршанбе оғоз карда интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистон 50 % кам карда мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҶС «Тоҷиктрансгаз» хабар доданд. Манбаъ қайд намуд, ки айни замон интиқоли газ аз давлати ҳамсоя ҳамагӣ 12 ҳазор кубометрро дар як соат ташкил медиҳад. Аз онҳо 10 ҳазор кубометраш ба эҳтиёҷоти заводҳои сементбарорӣ ва истеҳсоли алюминий рост меояд. «Қарзи интиқолдиҳандагони ӯзбек 1,8 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Агар интиқоли гази ӯзбекӣ 50% кам шавад, дар он ҳолат гази табиӣ танҳо ба заводи аюминий дода мешавад, ки дар натиҷа истеҳсолот дар муассисаи «Тоҷиксемент» манъ мегардад»,- афзуд манбаъ. Ҳамчунин, қайд гардид, ки содироти дохилии гази табиӣ 50 ҳазор кубометрро дар як шабонарӯз ташкил медиҳад, ки ин хеле кам буда, танҳо барои эҳтиёҷоти шаҳри Қурғонтеппа сарф мешавад. Тибқи иттилои Агентӣ аз рӯи нишондодҳои омории Тоҷикистон, аз оғози соли ҷорӣ инҷониб воридоти гази табиӣ 121,5 миллион кубометр ба маблағи 28, 4 миллион долари ИМА-ро ташкил дод.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






