ФАРМОНДЕҲИ НАВИ ПОЙГОҲИ НИЗОМИИ 201-УМИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН

Сентябрь 6, 2010 11:27

Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — 5 сентябри соли 2010 дар Пойгоҳи низомии 201-уми ду карат ордени Байрақи сурхдори Гатчинаи Федератсияи Русия дар Тоҷикистон маросими шиносоӣ бо фармондеҳи нави пойгоҳи мазкур полковник Сергей Павлович Рюмшин баргузор гардид.  Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, С.П. Рюмшин бо фармони Вазири мудофиаи Русия ба ин вазифа таъин шуд.    Полковник С.Рюмшин 13 сентябри соли 1965 дар шаҳри Курск таваллуд шудааст. Ӯ омӯзишгоҳи олии танкии Харков, Академияи ҳарбии қисмҳои ҳарбии зиреҳпӯш ва Академияи ҳарбии Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русияро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатии С. Рюмшин дар маркази таълимии округҳои ҳарбии Приволжски Урал оғоз ёфта, баъдан дар округҳои ҳарбии Закавказйе ва Шарқи дур давом кардааст. Мавсуф зимни фаъолияти меҳнатии худ аз дараҷаи аскари қаторӣ то муовини сардори округи ҳарбӣ ба камол расонидааст. Бояд қайд кард, ки С. Рюмшин бо 5 медали ҳарбӣ мукофотонида шудааст. Оиладор, соҳиби ду фарзанд. Ёдовар мешавем, ки ӯ дар вазифаи фармондеҳи 201-ум Пойгоҳи низомии ду карат ордени Байрақи сурхдори Гатчинаи Федератсияи Русия полковник И.Л.Красинро иваз намуд.

Сентябрь 6, 2010 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад