ФАРОҒАТ ДАР «САРЕЗ»
Бадахшон, 29 сентябр. (АМИТ«Ховар», Л.Додо).- Тибқи маълумоти профессор, доктори илмҳои тиб Икром Бобохоҷаев дар ВМКБ 76 чашмаи обҳои шифобахш мавҷуд аст, ки дар назди аксари онҳо истироҳатгоҳу ҷойҳои дамгирӣ сохта шудаанд.Истироҳатгоҳи «Сарез»-и мавзеи Ҷелондеҳи ноҳияи Шуғнон яке аз онҳост. Одатан дар фасли баҳору тобистон ва аввали тирамоҳ нафарони зиёд барои табобату фароғат ба ин истироҳатгоҳ меоянд. Дар ин ҷо барои мизоҷон шароити хуби истироҳату фароғат фароҳам оварда шудааст. Дар ихтиёри онҳо ду адад обзан (ванна), ошхона, утоқҳои хоб, утоқи муоинаи беморон ва толор барои бозии билярд гузошта шудааст. Азбаски теъдоди хоҳишмандони истироҳат дар ин осоишгоҳ сол ба сол меафзояд, роҳбарияти фароғатгоҳи «Сарез» ният доранд, ки баҳори соли 2011 дар ин ҷо бинои нави меҳмонхона созанд. Ҳоло дар истироҳатгоҳ дар як баст 100 нафар мизоҷ истироҳат мекунанд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






