ФЕСТИВАЛИ «ДӮСТИИ ХАЛҚҲО» ДАР ТОҶИКИСТОН

Сентябрь 15, 2010 16:59

Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Дирӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баргузор шудани Фестивали байналмилалии мусиқии «Осмони Иттиҳод» бо ширкати созмондиҳандагони фестивали мазкур нишасти матбуотӣ доир шуд. Дар нишасти матбуотӣ созмондиҳандагони фестивал қайд карданд, ки Фестивали номбурда минбаъд ҳамасола дар ҳама давлатҳои  Иттиҳоди давлатҳои мустақил гузаронида мешавад ва дар оянда яке аз фестивалҳои машҳур дар ИДМ хоҳад шуд. Тавре продюсери кулли Фестивали «Осмони Иттиҳод» Юлия Морозова ба журналистон иттилоъ дод,  ҳамаи хароҷотҳои фестивалро Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи давлатҳои узви ИДМ  (МФГС) ба уҳдаи худ гирифтааст. Ба қавли Юлия Морозова, дар чаҳорчӯби ин фестивал ду барномаи консертӣ – дар Маҷмааи консертии «Кохи Борбад» ва дар майдони «800-солагии Масква» баргузор карда мешавад. «Қарори баргузор намудани ин гуна фестивал ҳарчанд он қадар барвакт набуд, вале мо шодем, ки аввалин шуда Тоҷикистон барои доир кардани он интихоб шудааст», — гуфт продюсери кулли фестивал. Бояд гуфт, ҳадаф аз доир намудани чунин чорабиниҳо – сарҷамъ намудани овозхонҳо ва ошно намудан бо санъат ва фарҳанги кишварҳои ИДМ мебошад. Шиори асосии фестивал ҳам «Дӯстии халқҳои ИДМ» аст. Ёдовар мешавем, ки аксарияти овозхонони фестивал иштирокчиёни «Евровидения», «Интервидения.Панҷ ситора» ва дигар озмунҳои байналмилалӣ мебошанд.        

Сентябрь 15, 2010 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад